٤.Ин китоб, ки баландмартаба ва ҳикматомӯз аст, дар Лавхи маҳфуз назди Мо сабт шудааст [ва дастхуши тағйир нахоҳад шуд]
٥.Оё ба сирфи ин ки шумо [мушрикон] гурӯҳе исрофкоред [ва паёми илоҳиро инкор мекунед, нузули] Қуръонро аз шумо боздорем
٩.[Эй паёмбар] Агар аз мушрикон бипурсӣ: «Осмонҳо ва заминро чи касе офардиааст?» Ҳатман, мегӯянд: «[Аллоҳи] Шикастнопазири доно»
١٠.Ҳамон [Парвардигоре] ки заминро маҳалли озмоиши шумо қарор дод ва бароятон дар он роҳҳое падид овард, то роҳ ёбед
١١.Ва ҳамон касе, ки аз осмон боронро ба миқдори муайяне фиристод, он гоҳ сарзамини хазонзада ва хушкро ба василаи он ҳаёт бахшидем. Шумо низ ҳамин гуна [аз гӯрҳо] берун оварда мешавед
١٢.Парвардигоре, ки тамоми махлуқотро офарид ва бароятон аз киштиҳо ва чаҳорпоён василаи саворӣ падид овард
١٣.То бар пушти онҳо қарор гиред ва он гоҳ ки бар онҳо қарор гирифтед, неъмати Парвардигоратонро ёд кунед ва бигӯед: «Поку муназзаҳ аст касе, ки ин [васила]-ро дар хидмати мо гумошт ва мо худ тавони ин корро надоштем
١٥.Мушрикон аз миёни бандагони Аллоҳ таоло барояш саҳме [аз фарзанд] қарор доданд. Ба ростӣ, ки инсон ошкоро носипос аст
١٦.Оё [мепиндоред] Аллоҳ таоло аз миёни офаридагонаш духтаронро интихоб карда ва писаронро ба шумо ихтисос додааст
١٧.Аммо ҳар гоҳ ба яке аз онон ҳамон чизеро, ки башорат диҳанд, ки барои Аллоҳи раҳмон қоил ҳастанд [таваллуди духтар], дар ҳоле ки хашми худро фурӯ мехӯрад, чеҳрааш [аз андуҳ] тира мегардад
١٨.Оё касеро, ки дар зевар [ва роҳатӣ] парвариш меёбад ва дар [ҳангоми] ҷидол [қодир ба] баёни мақсудаш нест [ба Аллоҳ таоло нисбат медиҳед]
١٩.Мушрикон фариштагонро, ки бандагони [Аллоҳи] Раҳмонанд, муаннас [зан] пиндоштанд. Оё ба ҳангоми офариниши онон ҳузур доштанд? Суханонашон сабт мегардад ва [дар рӯзи қиёмат] бозхост хоҳанд шуд
٢٠.[Онон барои тавҷеҳи ширки худ] мегӯянд: «Агар [Аллоҳи] Раҳмон мехост, мо фариштагонро парастиш намекардем». Онон дар мавриди ин [сухан] беиттилоанд ва ҷуз сухани дурӯғ намегӯянд
٢٣.Пеш аз ту низ ҳар [паёмбари] ҳушдордиҳандаеро ба ҳар шаҳре фиристодем, сарватмандони саркаши он шаҳр мегуфтанд: «Ниёгонамон низ ҳамин оинро доштанд ва мо [низ] роҳи ононро дунбол мекунем»
٢٤.[Паёмбарашон] Мегуфт: «Агар оине ҳидоятбахштар аз он чи ниёгонатон доштанд, оварда бошам [боз ҳам аз онон пайравӣ мекунед]? Онон [дар посух] мегуфтанд: «[Оре] паёмеро, ки маъмури [иблоғи] он шудаед, инкор мекунем»
٢٨.Иброҳим, яктопарастиро дар миёни наслҳои пас аз худ сухане мондагор қарор дод, бошад, ки [ба пешгоҳи илоҳӣ] бозгарданд
٢٩.Ин мушрикони Макка ва падаронашонро [аз неъматҳои дунё] бархӯрдор кардам, то ин ки Қуръон ва паёмбаре равшангар ба суроғашон омад
٣٢.Оё онон раҳмати Парвардигоратро тақсим мекунанд? Моем, ки рӯзӣ [ва маишати] ононро дар зиндагии дунё миёнашон тақсим кардаем ва ононро нисбат ба ҳам ба дараҷоте бартарӣ бахшидаем, то аз хадамоти [мутақобили] якдигар истифода кунанд ва раҳмати Парвардигорат аз амволе, ки ҷамъ мекунанд, беҳтар аст
٣٣.Агар [нигаронӣ аз онон] набуд, ки ҳама мардум [дар дунёталабӣ ва инкори Аллоҳ таоло] як гурӯҳ шаванд, сақфи хонаи касонеро, ки ба Аллоҳи раҳмон имон надоранд, аз нуқра қарор медодем ва низ паллаҳое [дар он мениҳодем], ки битавонанд аз [табақоти] он [хона] боло раванд
٣٤.Ва барои хонаҳояшон дарҳое [аз тилло] мегузоштем ва тахтҳое [қарор медодем], ки бар он такя зананд
٣٥.Ва таҷаммул [ва зинатҳое] фаровон [барояшон фароҳам мекардем] ва тамоми инҳо баҳраи [ночизи] зиндагии дунёст ва охират назди Парвардигорат барои парҳезкорон аст
٣٦.Ҳар ки аз ёди [Аллоҳи] раҳмон дил бигардонад, шайтоне бар ӯ мегуморем, то ҳамнишинаш бошад [ва ҳамвора фиребаш диҳад]
٣٨.То он гоҳ ки [дар қиёмат] назди Мо биёяд, [ба шайтони ҳамнишинаш] мегӯяд: Эй кош, миёни ману ту фосилае ба дурии шарқу ғарб буд! Чи ҳамнишини баде будӣ!»
٣٩.[Аллоҳ таоло мефармояд] «Имрӯз [пушаймонӣ] суде ба ҳолатон нахоҳад дошт; зеро ситам кардаед ва ҳамагӣ дар азоб шарикед»
٤٠.[Эй Паёмбар] Оё метавонӣ [паёми худро] ба гӯши ношунавоён бирасонӣ ё нобиноён ва гумроҳони ошкорро [ба роҳи рост] ҳидоят кунӣ
٤٢.Ё азоберо, ки ба онон ваъда додаем, [дар даврони ҳаётат] ба ту менамоем. Бе тардид, Мо бар онон иқтидор [-и комил] дорем
٤٤.Тардиде нест, ки Қуръон барои ту ва қавмат мояи андарз [ ва сарбаландӣ] аст ва [дар рӯзи қиёмат дар бораи имону амал ба он] бозхост хоҳед шуд
٤٥.Аз паёмбароне, ки пеш аз ту фиристодем, бипурс, ки оё ғайр аз [Аллоҳи] Раҳмон маъбудоне барои парастиш қарор додаем [мусалламан, чунин нест]
٤٦.Мо Мӯсоро бо муъҷизоти хеш ба сӯи Фиръавн ва сарони қавмаш фиристодем ва ба онон гуфт: «Ман фиристодаи Парвардигори ҷаҳониёнам»
٤٨.Ҳар муъҷизае ба онон ироа додем, яке аз дигаре бузургтар буд ва [чун ҳамаро такзиб карданд] ба азоб гирифторашон кардем, бошад, ки [аз куфр] бозгарданд
٤٩.[Пас, ҳангоме ки гӯшаҳое аз азоби илоҳиро чашиданд] гуфтанд: «Эй ҷодугар, аз Парвардигорат бинобар аҳде, ки бо ту дорад, бихоҳ [то азобро аз мо дур кунад], ки мо [дигар] роҳёфтаем»
٥١.Фиръавн дар миёни қавми худ нидо сар дод ва гуфт: «Эй қавми ман, оё фармонравоии Миср дар ихтиёри ман нест ва ин наҳрҳо аз доманаи қасри ман ҷараён надорад? Оё [қудрату азаматамро] намебинед
٥٣.Чаро [ба нишонаи сарварӣ] дастбандҳои зарин [аз осмон] бар ӯ афканда нашудааст [то собит шавад, ки паёмбар аст]? Ё чаро фариштагон ҳамроҳаш наёмадаанд?»
٥٤.Ӯ қавми худро ба [бехирадӣ ва] сабуксарӣ кашонд ва ҳамагӣ мутеаш шуданд. Ҳаққо, ки онон [нисбат ба авомири илоҳӣ] нофармон буданд
٥٧.Ва чун достони [таваллуди] писари Марям матраҳ шуд, қавми ту [ки гумон карданд, метавонанд монанди масеҳиён чанд маъбуд дошта бошанд] ба ногоҳ шодӣ ва ҳаёҳу ба роҳ андохтанд
٥٨.Ва гуфтанд: «Маъбудони мо беҳтаранд ё Исо»? Онон ин суханро танҳо барои ҷидол бо ту унвон кардаанд. Ба ростӣ, ки гурӯҳе ситезаҷӯ ҳастанд
٥٩.Исо фақат бандаест, ки бар ӯ неъмат [-и рисолат] арзонӣ доштем ва ӯро намунае [аз қудрати илоҳӣ] барои Бани Исроил қарор додем
٦٠.Агар мехостем, [ҳамаи шумо инсонҳоро нобуд мекардем ва] ба ҷоятон фариштагоне падид меовардем, ки дар замин ҷонишин [-и шумо] шаванд
٦١.[Таваллуди] Исо [ба муъҷизаи ҳаёт бахшиданаш] далеле барои қиёмат аст. Пас, ҳаргиз дар мавриди қиёмат шак накунед ва пайрави ман бошед, ки роҳи рост ҳамин аст
٦٣.Ва чун Исо [муъҷизоту] нишонаҳои равшан бар онон ироа кард, гуфт: «Ман барои шумо ҳикмат овардаам, то [бад-он роҳ ёбед] ва бархе аз мавориди ихтилофатонро равшан кунам, пас, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва мутеъи [дастурҳои] ман бошед
٦٥.Он гоҳ гурӯҳҳои [мухталифи] Бани Исроил миёни худ [дар бораи Исо] дучори ихтилоф шуданд, пас, вой бар ситамгорон аз азоби рӯзи дарднок
٧٠.Шумо ва дигар муъминоне, ки ҳамчун шумо ҳастанд, ба биҳишт дароед, то [аз неъматҳои ҷовидонаш баҳраманд гардед ва] шодмон шавед
٧١.Зарфҳо ва ҷомҳои зарин перомунашон мегардонанд ва ҳар чи дилҳо бихоҳад ва дидаҳо лаззат барад, дар он ҷо ҳаст ва шумо дар биҳишт ҷовидонаед
٧٧.[Дузахиён] Нигаҳбони оташро садо мезананд ва фарёд бар меоранд: «Эй Молик [кош] Парвардигорат кори моро яксара кунад [ва бимиронад]» Ӯ мегӯяд: «На, шумо [дар ин азоб] мондагоред»
٧٩.Онон азми [худро барои тавтеа алайҳи ту] ҷазм карданд, Мо низ иродаи муҳкаме [бар ноком гузоштани эшон] дорем
٨٠.Оё мепиндоранд, ки Мо суханони сиррӣ ва наҷвояшонро намешунавем? Оре, фариштагони Мо дар канорашон [ҳастанд ва ҳама чизро] сабт мекунанд
٨١.[Эй паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: «Агар [ба фарзи маҳол Аллоҳи] Раҳмон фарзанде дошт, ман нахустин парастишгар [-и Ӯ] будам»
٨٢.[Маъбуди яктое, ки] Парвардигори осмонҳо ва замин ва Арш аст, аз тавсифи [ҷоҳилонаи] онон муназзаҳ аст
٨٣.Пас, [эй паёмбар] ононро [ба ҳоли худ] бигузор, то ёвагӯӣ кунанд ва ба бозӣ саргарм бошанд, то саранҷом бо рӯзи мавъуд [қиёмат] мувоҷеҳ шаванд [ва сазои аъмолашонро бубинанд]
٨٥.Пурбаракат ва бузургвор аст касе, ки фармонравоии осмонҳову замин ва он чи миёни онҳост, аз они Ӯст ва огоҳӣ аз [лаҳзаи барпоии] растохез танҳо дар ихтиёри Ӯст ва [ҳамагӣ] ба пешгоҳи Ӯ бозгардонда мешавед
٨٦.Касоне, ки [мушрикон] ба ҷойи Аллоҳ таоло [ба ниёиш] мехонанд, қодир ба шафоат нестанд, магар афроде, ки ба [калимаи тавҳид ва] ҳақ аз руи илм гувоҳӣ медиҳанд
٨٧.Агар аз мушрикон бипурсӣ, чи касе ононро офаридааст, мусалламан, мегӯянд: «Аллоҳ таоло». Пас, чи гуна [аз ҳақ] бар мегарданд
٨٩.Пас, [эй паёмбар] аз онон даргузар ва [барои раҳоӣ аз шаррашон] бигӯ: «Салом бар Шумо»! Ба зудӣ хоҳанд донист [ки азобашон чи гуна аст]