اسلام‌هاوس · тоҷикӣ, toçikī, تاجیکی‎

١.Ҳо, мим
١٣.Аз дин ҳамонро барои шумо муқаррар кард, ки ба Нуҳ амр карда буд ва низ он чи ба ту ваҳй кардем ва он чи ба Иброҳим ва Мӯсо ва Исо амр кардем, ин ки: «Динро барпо нигоҳ доред ва дар мавриди он фирқа-фирқа нашавед [ва ихтилоф наварзед]». [Пазириши] Даъвати ту бар мушрикон гарон омадааст. Аллоҳ таоло аст, ки ҳар касро бихоҳад [тавфиқи ибодат медиҳад ва] ба сӯйи хеш бармегузинад ва ҳар киро [ки тавба кунад ва ба даргоҳаш] боз ояд, ба сӯйи хеш ҳидоят хоҳад кард
١٤.Ҳангоме ки далоили маҳками нубуввати паёмбар бар кофирон арза шуд, онон аз рӯйи бартарихоҳӣ [ва ҳасодат]-е ки байнашон буд, роҳи тафриқа тай намуданд ва агар фармони Парвардигорат [дар мавриди муҳлат ва таъхири азоб] то замоне муайян аз пеш муқаррар нашуда буд, [бе диранг] миёнашон доварӣ мешуд ва аммо пас аз кофирон [ва ба далели инкору ихтилофи онон] ворисони китоб [Таврот ва Инҷил низ] дар мавриди Қуръон сахт дар тардид ва бадгумонӣ ҳастанд
١٥.[Эй паёмбар, мардумро] ба сӯйи ин [оини илоҳӣ] даъват кун ва чунон ки фармон ёфтаӣ, пойдорӣ кун ва аз ҳавасҳои онон пайравӣ накун ва бигӯ: «Ба ҳамаи китобҳое, ки Аллоҳ таоло нозил кардааст имон дорам ва фармон ёфтаам, ки дар барорбари шумо ба адолат рафтор кунам. Аллоҳ таоло Парвардигори мову шумост. [натиҷаи] аъмоли мо барои мост ва [натиҷаи] аъмоли шумо барои шумо. Ҳеҷ [душманиву] ҷидоле байни мову шумо нест. Аллоҳ таоло ҳамаи моро [дар қиёмат] ҷамъ хоҳад кард ва бозгашти [ҳама] ба сӯи Ӯст»
٢٣.Ин ҳамон [фазилате] аст, ки Аллоҳ таоло ба бандагони муъмин ва некукораш башорат медиҳад. [Эй паёмбар] Бигӯ: «Дар баробари ин рисолат, подоше аз шумо намехоҳам, ҷуз [риояи дӯстӣ ва] муҳаббати хешовандӣ ва ҳар ки [дар ин росто] иқдоми некуе кунад, бар подошаш дар он [маврид] меафзоем. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло омурзгори қадршинос аст
٤٥.[Дар он рӯз] Ситамгоронро мушоҳида хоҳӣ кард, ки бар оташ арза мешаванд ва дар ҳоле ки аз [шиддати] хорӣ фурӯтан шудаанд, бо таги чашм менигаранд ва [дар он ҳол] муъминон мегӯянд: «Зиёнкорон [-и воқеӣ] касоне ҳастанд, ки [ба тамаъи дунё] худ ва хонаводаҳояшонро дар қиёмат ба зиён андохтаанд. Огоҳ бошед! Ситамгорон гирифтори азобе пойдоранд
٤٨.Пас [эй паёмбар] агар [мушрикон аз даъвати ту] рӯй мегардонанд [тавфиқро аз худ салб мекунанд]. Мо туро нигаҳбони онон нафиристодем ва ту вазифае ҷуз расонидан [-и ваҳй] надорӣ ва чун раҳмате аз ҷониби худ ба инсон бичашонем, бад-он сармаст мешавад ва агар ба сазои рафтори гузаштаи худ дучори мусибате шавад, [ба ҷойи бедорӣ носипосӣ мекунад]. Ба ростӣ, ки инсон бисёр носипос аст
٥٢.[Эй Паёмбар] бад-ин гуна Қуръонро [тавассути Ҷабраил ва] ба фармони хеш бар ту ваҳй кардем. [Пеш аз он] Ту огоҳӣ надоштӣ, ки китобу имон чист, вале Мо онро нуре сохтем, ки ҳар касе аз бандагони хешро, ки бихоҳем, бад-он ҳидоят кунем ва мусалламан, ту ба роҳи рост [Ислом] ҳидоят мекунӣ
سورة الشورى – ترجمة اسلام‌هاوس (тоҷикӣ, toçikī, تاجیکی‎) | FORGHAN