٣.Мо Қуръонро дар шаби муборак [ва фархундаи қадр] нозил кардем, [зеро] ки Мо [ҳамвора] ҳушдордиҳанда будаем
٧.Парвардигори осмонҳову замин ва он чи миёни онҳост. Агар [ба ин ҳақиқат] яқин доред [ба Аллоҳ таоло ва Паёмбараш имон биёваред]
٨.Ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест, зиндагӣ мебахшад ва мемиронад. Парвардигори шумо ва ниёгони шумост
١٨.[Ва ба онон гуфт] Ки «[кори Бани Исроил ин] бандагони Аллоҳро ба ман вогузоред, ки ман барои шумо паёмбари аминам
٢٣.[Ба Мӯсо ваҳй кардем, ки] «Бандагонамро шабона [аз Миср] берун бибар, зеро [сипоҳи Фиръавн] шуморо таъқиб хоҳад кард
٣٧.Оё эшон беҳтаранд ё қавми [неруманди] Туббаъ ва пешиниёни онҳо, ки чун базаҳкор буданд, ҳалокашон кардем
٥٣.Либосҳое аз дебои нозук ва дебои захим мепӯшанд, дар ҳоле ки рӯёрӯи якдигар [ба суҳбат] нишастаанд
٥٦.Дар биҳишт таъми маргро нахоҳанд чашид, ҷуз ҳамон марги нахустин ва [Парвардигори меҳрубон] аз муҷозоти дузах барканорашон доштааст