٣.Онон [оёт ва нишонаҳои илоҳиро] дурӯғ мепиндоранд ва аз ҳавои нафси хеш пайравӣ мекунанд; ва ҳар амре [аз подошу кайфарҳои қиёмат] дар замони махсус ба худ қарор дорад
٤.Ва мутмаинан [моҷарои азоби ақвоми гузашта ва] ахборе, ки боиси даст кашидан аз гуноҳ мешавад, ба мушрикон расидааст
٦.Пас, [эй Паёмбар] аз онон рӯ бартоб, [ва мунтазири] рӯзе [бош], ки [фариштаи] даъваткунанда [бо дамидан дар сур] ононро ба амре бас душвор [-у ваҳшатнок] фаро бихонад
٧.Бо дидагони фуруафтода [аз ваҳшат] аз гурҳо хориҷ мешаванд; [ҳаракаташон ба сӯйи додгоҳи илоҳӣ чунон аст, ки] гӯӣ малахҳое парокандаанд
٩.Пеш аз онон низ қавми Нуҳ [паёмбарашонро] такзиб карданд ва бандаи Моро дурӯғгӯ хонданд ва гуфтанд: «Девона аст»; ва ӯро сахт озурданд
١٠.Пас, ӯ Парвардигорашро хонд [ва гуфт]: «Ман мағлуб шудаам; пас, ёриам фармо [ва аз онон интиқом бигир]»
١٢.Ва аз замин низ чашмаҳо ҷорӣ сохтем ва обҳо [аз замину осмон] барои тӯфоне, ки муқаддар шуда буд, ба ҳам пайваст
١٤.Ки таҳти назар [ва ҳифозати] Мо ҳаракат мекард. Ин подоши касе буд, ки [қавмаш] инкораш карда буданд
١٨.Қавми Од [низ паёмбарашонро] дурӯғгӯ пиндоштанд; пас, [эй аҳли Макка, бингаред, ки] азобу ҳушдорҳои Ман чи гуна буд
٢٤.Онон гуфтанд: «Оё [сазовор аст] башаре аз миёни худамонро пайравӣ кунем? Дар он сурат дар гумроҳӣ ва сардаргумӣ хоҳем буд
٢٧.[Ба Солеҳ гуфтем] «Барои озмоиши онон модашутуре [-ро, ки дархост кардаанд, аз дили кӯҳ ба сӯяшон] хоҳем фиристод; пас, муроқиби рафторашон бош ва [бар озорашон] шикебоӣ кун
٢٨.Ва ба онон эълом кун, ки оби [чоҳ] байни эшон [ва он модашутур] саҳмиябандӣ шудааст ва ҳар ки дар навбати худ бояд ҳозир шавад»
٣١.Мо бар онон бонги маргборе фиристодем; пас, [ҳамагӣ] ҳамчун гиёҳи хушкида [бозмонда аз оғилҳо] хурду рез шуданд
٣٤.[Мо низ] Тӯфони регборе бар сарашон фиристодем [ки ҳамагиро ҳалок кард]; магар хонаводаи Лут, ки саҳаргоҳон наҷоташон додем
٣٦.Лут ононро аз кайфари [сахти] Мо бим дод; вале онон дар баробари ҳушдорҳо ба муҷодала [ва ситез] бархостанд
٣٧.Онон аз Лут хостанд, ки меҳмононашро [барои комҷӯӣ] дар ихтиёрашон бигзорад; пас, Мо низ чашмонашонро кӯр кардем [ва гуфтем]: «Таъми азобу [натиҷаи] ҳушдорҳоямро бичашед»
٤٢.[Вале] Онон тамомии оёти Моро дурӯғ шумурданд; мо низ чунон [ки шоистаи Парвардигори] шикастнопазиру муқтадир [аст] азобашон кардем
٤٣.[Эй аҳли Макка] Оё кофирони шумо аз онон беҳтаранд ё барои шумо амонномае дар китобҳои [осмонии пешин навишташуда] аст
٥٠.Ва [чун чизеро ирода намоем] фармони Мо фақат як [калима] аст; ба суръати як чашм бар ҳам задан [камтар анҷом мепазирад]