٤.[Ин Қуръон] Ваҳй [-и илоҳӣ] аст, ки [ба ӯ] илқо мешавад. Ин [Қуръон] ҷуз панд барои ҷаҳониён [инсон ва ҷин] нест
٢٣.Ин бутҳо фақат исмҳое [бемаъно] ҳастанд, ки худ ва падаронатон бо онҳо [маъбудҳои дурӯғини худро] ном ниҳодаед ва Аллоҳ таоло ҳеҷ далеле [бар ҳаққонияти ин кор] нозил накардааст. [Мушрикон дар эътиқодоташон] Фақат пайрави гумону хостаҳои дили хешанд; ҳол он ки [муҷиботи] ҳидоят аз ҷониби Парвардигорашон бар онон расидааст
٢٦.Чи бисёр фариштагоне, ки дар осмонҳо ҳастанд, ки шафоаташон ба ҳеҷ ваҷҳ судманд нахоҳад буд; магар пас аз он ки Аллоҳ таоло барои ҳар ки бихоҳад ва хушнуд бошад, иҷозат диҳад
٢٧.Касоне, ки ба охират бовар надоранд, бар фариштагони илоҳӣ номи духтар мегузоранд [ва ононро духтарони Аллоҳ таоло медонанд]
٢٨.Онон дар мавриди ин амр [комилан] беиттилоанд [ва] фақат аз ҳадсу гумон пайравӣ мекунанд; дар ҳоле ки барои [шинохти] ҳақиқат гумон кофӣ нест
٢٩.Пас, [эй Паёмбар] ту низ аз касе, ки аз ёди Мо рӯй гардонида ва фақат [лаззатҳои] зиндагии дунёро мехоҳад, рӯй бартоб
٣٠.Ниҳояти дарку фаҳмашон ҳамин аст. Бе тардид, Парвардигорат ба ҳоли касоне, ки аз роҳи Ӯ мунҳариф шудаанд огоҳтар аст; ва низ ба ҳоли роҳёфтагон
٣١.Ҳар чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Аллоҳ таоло аст, [роҳи хайру шарро ба инсон ироа кард] то бадкоронро дар баробари рафторашон кайфар диҳад ва накукоронро [бо неъматҳои биҳишт] подоши наку ато намояд
٣٢.Ҳамон касоне, ки аз гуноҳони кабира ва корҳои зишту бешармона дурӣ мекунанд; магар лағжишҳои камаҳамият [ва гуноҳони сағира, ки бо тавба ва ибодат бахшида мешаванд], ки омурзиши Парвардигорат густурда аст; аз ҳамон дам, ки шуморо аз замин падид овард ва он гоҳ ки ба сурати ҷанин дар шиками модаронатон будед, ба [табиати] шумо огоҳтар [аз худатон] аст; пас, худситоӣ накунед, ки Ӯ ба ҳоли парҳезкорон донотар аст
٥٥.Ҳол [эй инсон] дар мавриди кадом як аз неъматҳои Парвардигорат тардид раво медорӣ [ва муҷодала мекунӣ]
٦٠.Ва дар ҳоли ғафлат ва ғурур [ба оёти Қуръон] механдед ва [аз шунидани ҳушдорҳояш наметарсед ва] ашк намерезед