١٦.Ба оташ дароед [ва бисӯзед], ки шикебоӣ ва ношикебоии шумо [дар баробари шуълаҳои сӯзонаш] бароятон яксон аст; танҳо дар баробари он чи кардаед, муҷозот мешавед»
١٨.Ва аз бахшишҳои [бедареғи] Парвардигорашон ва аз ин ки аз азоби дузах нигоҳашон доштааст, шодмонанд
٢١.Муъминоне, ки фарзандонашон дар имон пайрави онон буданд, фарзандонашонро [низ дар биҳишт] ба онон мулҳақ хоҳем кард ва аз [подоши] амалашон заррае намекоҳем; чаро ки [сарнавишти] ҳар кас дар гарави дастоварди худи ӯст
٢٤.Ва навҷавононе [ки барои хидмат] перомунашон дар рафту омаданд, гӯӣ [аз зебоӣ ва сапедрӯӣ] ҳамчун марвориде дар садаф ҳастанд
٢٨.Мо дар зиндагии дунё ҳамвора Ӯро [парастиш мекардем ва ба рубубият] мехондем. Бе тардид, Ӯ накукору меҳрубон аст
٢٩.Пас, [эй Паёмбар, бо оёти Қуръон ба мардум] андарз бидеҳ, ки ба лутфи Парвардигорат [ту бар хилофи иддаои кофирон] на коҳинӣ ва на маҷнун
٣٠.Оё мегӯянд: «[Муҳаммад] Шоирест, ки мунтазирем, то маргаш фаро расад [ва аз суханонаш раҳоӣ ёбем]?»
٣١.Бигӯ: «Мунтазир [-и марги ман] бошед; ман низ бо шумо мунтазир хоҳам монд [то азобатонро ба чашм бинам]»
٣٣.Оё мегӯянд: «[Муҳаммад] Қуръонро ҷаъл кардааст?». [Ҳаргиз чунин нест] Балки [ғарқ дар такаббуранд, ки] имон намеоваранд
٣٦.Оё онон осмонҳо ва заминро офаридаанд? [На] Балки онон яқин надоранд [ки Аллоҳ таоло офаринандаи мутлақ аст]
٣٨.Оё нардбоне доранд, ки ба василаи он [гуфтори фариштагони ваҳйро] мешунаванд? Пас, ҳар ки шунидааст, бояд далеле равшан биёварад
٤٠.[Эй паёмбар] Оё аз онон подоше дархост мекунӣ, ки [аз пардохташ дар ранҷанд ва харҷаш] барояшон [гарону] сангин аст
٤٢.Оё қасди найранг[ва нақшаи палиде бароят] доранд? Вале кофирон худ гирифтори найранг [ва тадбири илоҳӣ] ҳастанд
٤٣.Оё онон маъбуде ғайр аз Аллоҳ таоло доранд? Аллоҳ таоло аз он чи бо Ӯ шарик қарор медиҳанд, поку муназзаҳ аст
٤٤.[Ин кофирон, ҳатто] Агар порае аз осмонро низ дар ҳоли суқут бубинанд, [боз ҳам имон намеоваранд ва] мегӯянд: «Абре мутароким аст»
٤٥.Пас, ононро [ба ҳоли худ] раҳо кун, то бо рӯзи мавъудашон, ки [бо нахустин дамидани сур] мадҳуши марг мегарданд, мувоҷеҳ шаванд
٤٧.Ситамгорон [дар дунё низ ба дасти муъминон] ба азоби дигаре гирифтор хоҳанд шуд; вале бештарашон намедонанд
٤٨.[Эй Паёмбар] Дар баробари ҳукми Парвардигорат шикебо бош; зеро ту таҳти назар ва ҳифозати Моӣ; ва ҳангоме ки [аз хоб ё ба қасди ибодат] бармехезӣ, Парвардигоратро ба покӣ ситоиш кун
٤٩.Ва низ [дар посе] аз шаб Ӯро ситоиш кун [ва намоз бигузор] ва ба ҳангоми нопадид шудани ситорагон [дар сапедадам низ намози субҳ бигузор]