اسلام‌هاوس · тоҷикӣ, toçikī, تاجیکی‎

١.Эй муъминон, дар баробари Аллоҳ таоло ва паёмбараш [дар ҳеҷ коре] пешӣ нагиред; ва аз Аллоҳ таоло парво кунед, ки Аллоҳ таоло шунавову доност
٧.Бидонед, ки расулуллоҳ миёни шумост [ва салоҳатонро беҳтар медонад]; агар дар бисёре аз умур аз [майлу назари] шумо пайравӣ кунад, дучори заҳмат мешавед; вале Аллоҳ таоло имонро маҳбуби шумо намуд ва онро дар қалбҳоятон биёрост [то ислом биёваред] ва куфру нофармонӣ ва саркаширо дар назаратон нохушоянд гардонд. Онон [ки ороста ба ин авсофанд] пӯяндагони роҳи ҳидоят ва камоланд
٩.Агар ду гурӯҳ аз муъминон бо ҳам даргир шуданд, миёнашон оштӣ барқарор кунед ва агар як гурӯҳ бар дигаре таҷовуз кард, бо гурӯҳи мутаҷовиз биҷангед, то ба фармони Аллоҳ таоло боз ояд; агар бозгашт, байнашон сулҳе одилона барқарор кунед ва ба адолат рафтор кунед, ки Аллоҳ таоло одилонро дӯст дорад
١١.Ҳаргиз набояд гурӯҳе [аз шумо] гурӯҳи дигареро масхара кунад; чи басо инон аз онон беҳтар бошанд; ва занон низ набояд занони дигарро масхара намоянд; чи басо инон аз онон бартар бошанд; ва аз якдигар айбҷӯӣ накунед; ва якдигарро бо лақабҳо [-и зишт] хитоб накунед [ки ин кор мисдоқи нофармонӣ аз авомири илоҳӣ аст]; ва бадтарин вижагӣ [барои як мусулмон] ин аст, ки пас аз имон овардан [фисқу] нофармонӣ кунад; ва онон, ки тавба накунанд, [нисбат ба нафси хеш] ситамгоранд
١٢.Эй муъминон, аз бисёре аз гумонҳои бад бипарҳезед; чаро ки бархе аз гумонҳо гуноҳ аст; ва дар бораи якдигар таҷассусу ғайбат накунед; оё ҳеҷ як аз шумо дӯст дорад, ки гӯшти бародари мурдаашро бихӯрад? [Ҳатман] Онро хуш надоред [ғайбат низ ба ҳамин зиштӣ аст]; аз Аллоҳ таоло парво кунед, ки Аллоҳ таоло тавбапазиру меҳрубон аст
١٤.Аъроб [-и бодиянишин дар ҳузури паёмбар] гуфтанд: «Имон овардаем». [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: «Шумо имон наёвардаед; вале бигӯед: «Ислом овардаем»; ва ҳанӯз имон дар қалбҳоятон нуфуз накардааст. Агар аз Аллоҳ таоло ва паёмбараш итоат кунед, аз [подоши] аъмоли шумо ҳеҷ нахоҳад кост. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло омурзгору меҳрубон аст»