اسلام‌هاوس · тоҷикӣ, toçikī, تاجیکی‎

١.Аллоҳ таоло талоши кофиронро, ки [мардумро] аз роҳи Аллоҳ таоло бозмедоранд, табоҳ мекунад
٤.Чун бо кофирон рӯ ба рӯ шудед, ононро гардан бизанед, то он ки [бисёре аз ононро] бикушед, он гоҳ асиронро ба банд кашед, сипас ё бар онон миннат гузоред [ва бидуни ҳеҷ чашмдоште озодашон кунед] ё [аз онон] фидя бигиред [ва раҳояшон кунед], то сангинии ҷанг фурукаш кунад. Ин [ҳукми илоҳӣ] аст ва агар Аллоҳ таоло мехост, худ аз онон интиқом мегирифт, вале [фармони ҷанг дод] то шуморо баробари якдигар озмоиш кунад ва касоне, ки дар роҳи Аллоҳ таоло кушта шуданд, [Аллоҳ таоло ҳаргиз] натиҷаи талошашонро табоҳ намекунад
١٥.Васфи биҳиште, ки ба парҳезкорон ваъда дода шуда, [чунин аст, ки] дар он ҷӯйборҳое ҷорӣ аст, ки таъми обаш тағйирнопазир аст ва ҷӯйборҳое аз шир, ки таъмаш дигаргун намешавад ва ҷӯйборҳое аз шароб, ки мояи лаззати нӯшандагон аст ва ҷӯйборҳое аз асали ноб ва дар он ҷо ҳамаи [анвои] меваҳо дар дастрасашон аст ва [аз ҳама бартар] омурзиши Парвардигорашон. Оё [биҳиштиён] чун сокинони ҷовидони дузаханд, ки обе чунон ҷӯшон ба онон менӯшонанд, ки рӯдаҳояшонро муталошӣ [пора-пора] мекунад
٢٠.Муъминон мегӯянд: «Чаро сурае [дар бораи иҷозати ҷиҳод] нозил намешавад?» Аммо ҳангоме ки оёти сареҳе дар мавриди ҷанг нозил мегардад, [мунофиқону] бемордилонро мебинӣ, ки ҳамчун касе, ки аз [сахтии] марг дар ҳоли беҳушӣ шуда бошад, ба ту менигаранд, [маргу азоби илоҳӣ] бар онон шоистатар аст
٣٨.Огоҳ бошед! Шумо касоне ҳастед, ки барои инфоқ дар роҳи Аллоҳ таоло даъват мешавед, вале бархе аз шумо бухл меварзанд ва ҳар ки бухл биварзад, ба зиёни хеш бухл варзидааст ва Аллоҳ таоло бениёз аст ва [ин шумо ҳастед, ки] ниёзмандед ва агар [аз ислом ба сӯйи куфр] бозгардед, Аллоҳ таоло гурӯҳи дигареро ҷойгузинатон хоҳад кард, ки ҳамчун шумо [ба бухл мубтало] набошанд
سورة محمد – ترجمة اسلام‌هاوس (тоҷикӣ, toçikī, تاجیکی‎) | FORGHAN