اسلام‌هاوس · тоҷикӣ, toçikī, تاجیکی‎

١.Ҳо, мим
٤.[Эй паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: «Оё ба бутҳое, ки ба ҷойи Аллоҳ таоло [ба ниёиш] мехонед, таваҷҷуҳ кардаед? Ба ман нишон диҳед, чи чиз аз [аҷзои] заминро офаридаанд. Оё дар [офариниши] осмонҳо ширкат доштаанд? Агар рост мегӯед, аз китобҳои осмонии пешин ё бозмондае аз дониш [-и гузаштагон далел] биёваред»
٨.Ё мегӯянд: «[Муҳаммад] Қуръонро худ ҷаъл карда [ва ба Аллоҳ таоло нисбат дода] аст». [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: «Агар ман онро ҷаъл карда [ва ба Аллоҳ таоло нисбат дода] бошам, пас, шумо наметавонед дар баробари [азоб ва хашми] Аллоҳ таоло аз ман дифоъ кунед. Аллоҳ таоло ба он чи шумо дар борааш суханчинӣ мекунед, огоҳтар аст ва ба унвони гувоҳ байни ману шумо кофист ва Ӯ омурзгори меҳрубон аст»
١٠.Бигӯ: «Ба ман бигӯед, агар Қуръон аз сӯйи Аллоҳ таоло [расида] бошад ва бо ин ки шоҳиде аз Бани Исроил мушобиҳаташро [бо Таврот] гувоҳӣ дода ва имон оварда бошад ва Шумо дар баробараш инкор ва такаббур кунед, [оё гумроҳ ва ситамгар нестед]? Бе гумон, Аллоҳ таоло ситамгоронро ҳидоят нахоҳад кард»
١٥.Ба инсон супориш кардем, ки дар мавриди падару модараш ба шоистагӣ некӣ кунад, [ба вижа] модар, ки ба душворӣ бори ҳамли ӯро бар уҳда дорад ва бо душворӣ вазъи ҳамл мекунад ва [даврони] бордорӣ ва ширхорагиаш [ҷамъан ҳудуди] сӣ моҳ аст. [Ӯ парвариш меёбад] то ба ҳадди рушд бирасад ва дар чиҳилсолагӣ [ки тавони ҷисмӣ ва зеҳниаш комил аст] мегӯяд: «Парвардигоро, ба ман тавфиқ бидеҳ, то шукри неъматеро, ки ба ман ва падару модарам арзонӣ доштаӣ, ба ҷо оварам ва кори шоистае анҷом диҳам, ки аз он хушнуд гардӣ ва фарзандонамро шоиста гардон. Ба даргоҳат [тавба намуда ва] бозгаштаам ва таслими [фармонат] ҳастам»
١٧.Ва он ки ба падару модараш гуфт: «Уф бар шумо! Чи гуна ба ман ваъда медиҳед ки [аз гӯр] берун оварда хоҳам шуд, дар ҳоле ки пеш аз ман наслҳои фаровоне рафтанд [ва боз нагаштанд]?» Падару модараш ба даргоҳи илоҳӣ зорӣ мекунанд [ки фарзандашонро ҳидоят кунад ва ба ӯ мегӯянд] «Вой бар ту! Имон биёвар, ки ваъдаи илоҳӣ рост аст», [аммо] ӯ посух медиҳад: «Ин [ваъдаҳо] фақат афсонаҳои пешиниён аст»
٢١.[Эй паёмбар, саргузашти Ҳуд] бародари қавми Одро ёд кун, он гоҳ ки дар сарзамини «Аҳқоф» [регзоре дар Яман] қавмашро ҳушдор медод, дар ҳоле ки ҳушдордиҳандагони [дигаре низ] дар гузаштаҳои наздик ва дур омада буданд [ва чунин мегуфт], ки: «Танҳо Аллоҳро бипарастед, ки ман аз азоби рӯзи бузурге бар шумо метарсам»
٢٤.Ва чун он [азоб]-ро, ки ба сурати абре дар ҷиҳати [дашту] дарраҳо [-и ҳосилхез]- ашон пеш меомад, мушоҳида карданд, [бо шодмонӣ] гуфтанд: «Ин абрест, ки [раҳмате] бар мо меборад». [Ҳуд гуфт: на] Балки ҳамон [азобе] аст, ки барои расиданаш шитоб доштед; тундбодест, ки азобе дарднок бо худ дорад
٢٦.Ба қавми [мунқаризшудаи] Од чунон сарвату қудрате дода будем, ки ба шумо [маккагиён ҳаргиз] надодаем ва бо он ки ба онон низ чашму гӯш ва дил дода будем, аммо гӯшу чашм ва дилҳояшон суде ба ҳолашон надошт, зеро оёти илоҳиро инкор мекарданд ва [саранҷом] азобе, ки масхарааш мекарданд, домангирашон шуд
٢٩.[Эй паёмбар, ба ёд овар] ҳангоме ки гурӯҳе аз ҷинро сӯйи ту фиристодем, ки Қуръонро бишунаванд, пас, чун назди паёмбар ҳузур ёфтанд, [ба якдигар] гуфтанд: «Хомӯш бошед [то ба оёти Қуръон гӯш фаро диҳем] ва чун [тиловаташ] ба поён расид, назди қавми худ бозгаштанд, то ба онон [дар мавриди авоқиби сарпечӣ аз фармони ҳақ] ҳушдор диҳанд
٣٥.Пас, [эй паёмбар] ту низ ҳамчун паёмбарони улулазм [ки ҳамвора собитқадам буданд, дар баробари озору такзиби қавмат] шикебо бош ва дар мавриди [дархости азоби] онон шитоб накун. Рӯзе, ки [ин кофирон] азоби мавъудашонро [дар ҷаҳони охират] бубинанд, [кайфарашон чунон тӯлонӣ аст, ки] гӯӣ фақат бахше аз рӯзро [дар дунё] ба сар бурдаанд. Ин Қуръон паёми [умумӣ барои ҷинну инс] аст. Оё ҷуз нофармонон ҳалок мешаванд
سورة الأحقاف – ترجمة اسلام‌هاوس (тоҷикӣ, toçikī, تاجیکی‎) | FORGHAN