اسلام‌هاوس · тоҷикӣ, toçikī, تاجیکی‎

١.Ҳо, мим
١٤.Он гоҳ ки паёмбарони илоҳӣ паёпай ба суроғашон меомаданд, [бо ин паём] ки: «Ҷуз Аллоҳро напарастед», онон [дар посух] мегуфтанд: «Агар Парвардигорамон мехост, [паёми ҳидоятгаре бифиристад] фариштагоне нозил мекард. Мо паёмеро, ки шумо маъмури [иблоғи] он ҳастед, бовар намекунем»
٢٥.Мо ҳамнишиноне [аз шаётин] бар онон гумоштем, ки [корҳои] гузашта ва [орзуҳои] ояндаро дар назарашон оростаанд ва [бад-ин сон] фармони муҷозот дар мавриди онон таҳаққуқ ёфт ва ба азоби ақвоми гумроҳе аз ҷину инс, ки пеш аз онон буданд, гирифтор шуданд. Бе гумон, онон зиёнкор буданд
٣٩.Аз ҷумлаи нишонаҳои [қудрати] илоҳӣ ин аст, ки замини хушку фарсударо мебинӣ, ки чун борон бар он фурӯ мерезем, ба ҷунбиш дармеояд ва [гиёҳонаш] рушд мекунад. Он [Парвардигори тавонманде], ки заминро зинда мекунад, мурдагонро низ зинда хоҳад кард. Ба ростӣ, ки Ӯ бар ҳар коре тавоност
٤٠.[Гуфтору рафтори] Касоне, ки дар мавриди оёти Мо каҷравӣ [ва онро таҳриф] мекунанд, бар Мо пӯшида нахоҳанд буд. Оё касе, ки ба оташи [дузах] меафтад, беҳтар аст ё он ки дар рӯзи растохез эмин [аз азоб] аст? Ҳар чи мехоҳед, амал кунед, ки бе тардид, Аллоҳ таоло ба он чи мекунед, биност
٤٤.Агар Қуръонро [ба забони] ғайриарабӣ нозил карда будем, кофирон мегуфтанд: «Чаро оёташ [арабӣ нест ва] ба равшанӣ баён нашудааст? Китобе ғаёриарабиву паёмбаре араб»? [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: «Ин китоб барои муъминон мояи ҳидояту шифост ва онон, ки имон намеоваранд, дар гӯшҳояшон сангинӣ аст ва Қуръон барояшон номафҳум аст. [Гӯё] Ононро аз роҳи дур садо мезананд»
٤٥.Ва ба ростӣ, [Мо] ба Мӯсо китоб додем, пас, дар он ихтилоф шуд.Ва агар пештар [дар мавриди муҳлат ба гунаҳгорон ва ҳисобрасӣ дар қиёмат] сухане аз ҷониби Парвардигорат баён нашуда буд, яқинан, [дар ҳамин дунё] миёнашон доварӣ мешуд [ва азоб нозил мегашт] ва ба ростӣ, ки онон [яҳудиён ва мушрикон] дар бораи [ҳаққонияти] ин [Қуръон] сахт дар тардиданд
٤٧.Огоҳӣ аз [лаҳзаи вуқуи] қиёмат танҳо марбут ба Аллоҳ таоло аст ва хуруҷи ҳар мевае аз шукуфааш ва бордориву вазъи ҳамли ҳар моддае бо огоҳии Ӯст ва он рӯз, ки Аллоҳ таоло ба мушрикон нидо медиҳад, ки: «Афроде, ки [дар қудрат] шарики Ман тасаввур мекардед, [ва ба он тавассул меҷустед] куҷо ҳастанд»? Онон мегӯянд: «Акнун дар баробари ту эътироф мекунем, ки ҳеҷ як аз мо [ба дурустии эътиқоди мушриконаи худ] гувоҳ нест»
٥٠.Ва агар пас аз ранҷе, ки ба инсон мерасад, раҳмате аз ҷониби хеш ба ӯ бирасонем, [мағрурона] мегӯяд: «Ин ҳаққи ман аст ва гумон намекунам қиёмат барпо шавад ва агар [ҳам бошад ва] ба сӯйи Парвардигорам бозгардонда шавам, назди Ӯ [сарвату подошҳоии] некуе хоҳам дошт». Мусаламан, кофиронро аз амалкардашон огоҳ хоҳем сохт ва азобе сахт ба онон мечашонем