اسلام‌هاوس · тоҷикӣ, toçikī, تاجیکی‎

١.Эй Паёмбар, ҳаргоҳ хостед занонро талоқ диҳед, пас, онҳоро дар замони [оғози] идда талоқ диҳед ва ҳисоби иддаро нигаҳ доред ва аз Аллоҳ таоло, ки Парвардигори шумост, парво кунед. На шумо онҳоро аз хонаҳояшон берун кунед ва на онҳо берун раванд; магар он ки кори зишти ошкоре муртакиб шаванд; ва ин ҳудуди [аҳкоми] Аллоҳ таоло аст ва ҳар кас аз ҳудуди Аллоҳ таоло таҷовуз кунад, мусалламан, ба худ ситам кардааст. Ту намедонӣ, шояд Аллоҳ таоло пас аз он, вазъи тозае фароҳам оварад [ки ба сулҳу оштӣ мунҷар шавад]
٢.Пас, чун [онҳоро талоқ додед ва] иддаашон ба сар расид, эшонро ба тарзи шоистае нигаҳ доред ё ба тарзи шоистае аз онҳо ҷудо шавед; ва ду марди одил аз худатонро гувоҳ бигиред ва шаҳодатро барои Аллоҳ таоло барпо доред. Ин [ҳукме аст], ки ҳар кас ба Аллоҳ таоло ва рӯзи қиёмат имон дорад, ба он панду андарз дода мешавад; ва ҳар кас, ки аз Аллоҳ таоло битарсад, роҳи наҷоте барои ӯ қарор медиҳад
٦.Онон [занони муталлақа]-ро дар ҳадди тавони худ ҳар ҷо ки худатон сукунат доред, [ва дар тавонии шумост] сукунат диҳед ва ба онҳо зиён нарасонед, то [арсаро] бар онон танг кунед [ва пеш аз поёни идда маҷбур ба тарки манзил шаванд] ва агар бордор ҳастанд, нафақаи онҳоро бидиҳед, то вазъи ҳамл кунанд. Пас, агар [фарзандатонро] барои шумо шир медиҳанд, муздашонро бипардозед ва [ин корро] ба некӣ ва бо машварати ҳамдигар анҷом диҳед; ва агар ба тавофуқ нарасидед, пас зани дигаре [ба дархости шавҳар] ӯро шир диҳад
٧.Онон, ки доро [ва сарватманд] ҳастанд, бояд аз дороӣ [ва сарвати] худ инфоқ кунанд ва касе, ки тангдаст аст, бояд аз он чи ки Аллоҳ таоло ба ӯ дода инфоқ кунад. Аллоҳ таоло ҳеҷ касро ҷуз ба он андоза, ки ба ӯ [тавон] додааст, мукаллаф намекунад. Аллоҳ таоло ба зудӣ баъд аз сахтӣ [ва тангдастӣ] осонӣ [ва кушоиш] қарор медиҳад
١١.[Ва низ] Паёмбаре [фиристода], ки оёти равшани Аллоҳро бар шумо мехонад, то касонеро, ки имон оварда ва корҳои шоиста анҷом додаанд, аз торикиҳо ба сӯйи нур берун оварад; ва ҳар кас ба Аллоҳ таоло имон оварад ва кори шоиста анҷом диҳад, [Аллоҳ таоло] ӯро ба боғҳое [аз биҳишт] ворид мекунад, ки аз зери [дарахтони] он ҷӯйборҳо ҷорӣ аст; ҷовидона дар он бимонанд. Ба ростӣ, Аллоҳ таоло ризқу рӯзиашро наку гардонидааст
سورة الطلاق – ترجمة اسلام‌هاوس (тоҷикӣ, toçikī, تاجیکی‎) | FORGHAN