اسلام‌هاوس · тоҷикӣ, toçikī, تاجیکی‎

١.Он чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст, барои Аллоҳ таоло тасбеҳ мегӯянд ва Ӯ пирӯзманди ҳаким аст
٢.Ӯст, ки касоне аз аҳли китобро, ки кофир шуданд, бо нахустин бархӯрд [ва гирдоварии лашкар] аз диёрашон берун ронд. Гумон намекардед, ки онҳо хориҷ шуданд ва худашон [низ] гумон мекарданд, ки дижҳо [-и муҳкам]а-шон онҳоро аз [азоби] Аллоҳ таоло монеъ мешавад; пас, [азоби] Аллоҳ таоло аз ҷойе, ки гумон намекарданд, ба суроғашон омад ва дар дилҳояшон тарсу ваҳшат афканд, [ба гунае ки] хонаҳои худро бо дасти худ ва бо дасти муъминон вайрон мекарданд; пас, эй соҳибони биниш, ибрат гиред
٧.Ва он чи Аллоҳ таоло аз [амволи] аҳли ободиҳо ба паёмбараш бозгардонида [ва бахшида] аст, аз они Аллоҳ таоло ва расул ва хешовандони ӯ ва ятимон ва бенавоён ва дарроҳмондагон аст. То [ин амвол] дар миёни сарватмандони шумо даст ба даст нашавад; ва он чи ки расулуллоҳ ба шумо дод, бигиред ва аз он чи ки шуморо аз он наҳй кард, даст бардоред ва аз Аллоҳ таоло парво кунед, ки Аллоҳ таоло сахткайфар аст
٩.Ва [низ] касоне, ки пеш аз онон дар диёри ислом [Мадина] ҷой гирифта ва имон овардаанд, афродеро, ки ба сӯяшон ҳиҷрат мекунанд, дӯст доранд ва дар дилҳои худ аз он чи [ба муҳоҷирон] дода шуда, эҳсоси ҳасад [ва ниёз] намекунанд ва эшонро бар худ муқаддам медоранд, ҳатто агар худ ниёзманд бошанд; ва касоне, ки аз бухл [-у ҳирс]-и нафси хеш дар амон бимонанд [ва дар роҳи Аллоҳ таоло инфоқ кунанд], онон растагоранд
١١.Оё мунофиқонро надидӣ, ки пайваста ба бародарони аҳли китобашон, ки куфр варзидаанд, мегӯянд: «Агар шуморо [аз сарзаминатон] берун кунанд, мо [низ] бо шумо берун хоҳем омад ва ҳаргиз [сухани] касеро дар мавриди шумо итоат нахоҳем кард ва агар бо шумо ҷанг шавад, албатта ёритон хоҳем кард?». Аллоҳ таоло гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо дурӯғгӯ ҳастанд
٢٣.Ӯ Аллоҳест, ки ҷуз Ӯ маъбуде [баҳақ] нест; [Ӯст] фармонраво, муназзаҳ, беайб ва нуқс, тасдиқкунандаи паёмбаронаш, муроқиб [-и аъмоли бандагонаш], қудратманди шикастнопазир, шукӯҳманду шикастдиҳандаи мутлақ, воломақому шоистаи азамат. Аллоҳ таоло аз он чи [барои Ӯ] шарик меоваранд, поку муназзаҳ аст
سورة الحشر – ترجمة اسلام‌هاوس (тоҷикӣ, toçikī, تاجیکی‎) | FORGHAN