٢.Мушрикон аз ин ки ҳушдордиҳандае аз миёни худашон ба суроғашон омадааст, ибрози шигифтӣ мекунанд ва мегӯянд: «Моҷарои аҷибе аст
٤.Бе тардид, зарроте, ки замин аз бадани онон мекоҳад, [ҳамаро] медонем; ва китобе нигоҳбон дар ихтиёр дорем [ки ҳарчи бар онон муқаддар гашта, дар он сабт аст]
٥.Вақте ки [Қуръон, яъне каломи] ҳақ бар онон расид, такзибаш карданд; пас, дар ҳолати саргардонӣ [ва парешонӣ] ҳастанд [ва дар бораи Қуръон ҳайронанд]
٦.Оё кофирон осмонро бар фарозашон наменигаранд, ки чи гуна онро барафроштем ва [ба зевари ситорагон] оростем ва орӣ аз [ҳар гуна] нуқсу халал аст
٧.Ва заминро густурдем ва кӯҳҳои собит дар он пай афкандем ва аз ҳар навъ гиёҳи зебо [шодиангезе] дар он рӯёнидем
٩.Ва аз осмон бороне пурбаракат фиристодем ва бо он боғҳо [-и мева] ва [мазореи] дона [ҳо]-и даравкарданӣ рӯёнидем
١١.Барои рӯзии бандагон; ба василаи он [борон] сарзамини хазонзада ва хушкро ҳаёт бахшидем; хуруҷ аз қабрҳо [дар қиёмат] низ ҳамин гуна аст
١٤.ва аҳолии «Айка» [қавми Шуайб] ва қавми «Туббаъ»; ҳар як [аз онон] паёмбарони [илоҳӣ]-ро дурӯғгӯ шумурданд; пас, ваъдаи азоби ман [бар онон] таҳаққуқ ёфт
١٥.Оё мо дар офариниши нахустин фуру мондем [то аз бозофаринии он оҷиз бошем]? [Ҳаргиз] Балки онон аз офариниши ҷадид дар [ҳайрат ва] тардиданд
٢٠.Ва [барои дувумин бор] дар «сур» дамида мешавад [ва қиёмат барпо мегардад]. Он рӯз [рӯзи таҳаққуқи] ваъда [-и азоб] аст
٢١.Ва ҳар кас дар ҳоле [ки ду фаришта ҳамроҳиаш мекунанд, ба арсаи маҳшар] меояд; яке роҳ менамоёнад ва дигаре [бар аъмолаш] гувоҳ аст
٢٢.[Ба ӯ гуфта мешавад:] «Ту аз ин [рӯз] дар ғафлат будӣ ва мо [бо азоби дузах] пардаи [ғафлат]-ро аз муқобилат бардоштем; акнун дидаат тезбин шудааст
٢٧.[Шайтони] Ҳамнишинаш мегӯяд: «Парвардигоро, ман ӯро ба туғён накашидам, вале ӯ худ дар гумроҳии бепоёне буд»
٢٩.Фармони муҷозот назди Ман тағйирпазир нест; ва Аллоҳ таоло [дар кайфару подош] ба бандагонаш ситам намекунад»
٣٠.Рӯзе, ки ба дузах мегӯем: «Оё [аз ситамгарон] анбошташудаӣ?». [Ва ӯ] Мегӯяд: «Оё беш аз ин ҳам ҳаст?»
٣٢.[Ба онон гуфта мешавад:] «Ин ҳамон подошест, ки ба шумо ваъда дода мешуд, ки барои ҳар тавбакоре аст, ки [ба сӯйи Парвардигораш бозмегардад ва] пойбанд [ба паймону аҳкоми илоҳӣ] аст
٣٣.Ҳамон касе, ки дар ниҳон аз [хашми Аллоҳи] раҳмон метарсад ва бо қалбе тавбакор [ба пешгоҳаш] бозмегардад
٣٦.Ва чи бисёр умматҳоеро, ки пеш аз мушрикони Макка ҳалок кардем, ки онон [ба маротиб] аз инҳо қавитар буданд; пас, дар гӯша ва канори шаҳрҳо ҷустуҷӯ карданд [ки бубинанд оё аз азобу ҳалокати барояшон] ҳеҷ паноҳ ва гурезгоҳе вуҷуд дорад
٣٧.Бе гумон дар ин [сухан] барои соҳибдилон ё касоне, ки бо ҳузур [-и қалб ба нидои тавҳид] гӯш фаро медиҳанд ва ҳушёранд, андарз аст
٣٨.Мо осмонҳо ва замин ва он чиро, ки миёни онҳост, дар шаш рӯз офаридем ва [ҳаргиз] ранҷу хастагӣ ба Мо нарасид
٣٩.[Эй Паёмбар] Дар баробари суханони мушрикон шикебо бош; ва пеш аз баромадани офтоб ва қабл аз фуру шуданаш Парвардигоратро ба покӣ ситоиш кун [ва намоз бигузор]
٤٤.Рӯзе, ки замин аз [фарози] онон шикофта мешавад, инсонҳо шитобон [берун меоянд]. Ин эҳзоре аст, ки барои Мо осон аст
٤٥.Мо ба он чи [кофирон] мегӯянд, донотарем; ва ту [эй Паёмбар] бар онон мусаллат нестӣ [ки бихоҳӣ ба имон овардан водорашон кунӣ]; пас, касеро, ки аз азоб [ва ҳушдори] Ман метарсад, ба [василаи] Қуръон андарз бидеҳ